Саидмаҳдии Таботабоӣ, бедилпажӯҳи эронӣ дар гуфтугў бо хабарнигори "Форс", дар бораи раванди тасҳеҳи интиқодии ғазалиёти Бедил, ки дар ҳоли анҷоми он аст, гуфт: дар нусхаҳои пешини ғазалиёти Бедил, беш аз яксад ғазал ёфтаам, ки дар нусхаҳои мутааххир ва тасҳеҳҳои мавҷуд дида намешавад.
Тамоми ғазалҳои навёфта баъд аз қофияи "дол" қарор доранд ва метавон ингуна натиҷа гирифт, ки мусаҳеҳҳини афғонистонии замони сардор Насруллоҳхон, ки ғазалиёти Бедилро то бахше аз қофияи "дол" тасҳеҳ кардаанд, афзун бар диққати фаровон, ба нусхаҳои дерин ва муътабаре аз ғазалиёт дастрасӣ доштаанд. Ин пажуҳишҳгар идома дод: ғазалиёти навёфта охирин сурудаҳои Бедил аст, ки бо хати худи Бедил дар ҳошияи девони дастнависи Муҳаммадвориси Сиддиқӣ, котиби махсуси Бедил афзуда шудааст. Байте аз ин ду ғазал тақдим мешавад:
Урён бaро, ба мулки ҷунун подшоҳ бош,
Аз мўи сар алам кашу соҳибкулоҳ бош.
Мӯҳр