Субҳи имрӯз, 3-юми сентябр аз дохили шохаи руди Панҷ, ки аз ҳудуди рустои Бобосафоли поёни ноҳияи Фархор мегузарад, ҷасади шахси номаълум ёфт гардид.
Ба иттилои шоҳидон, тахминан соати 5:30-и пагоҳӣ сокинони русто ҷасади марди тахминан 35-40 соларо, ки маҷрои об мебурдаш, ошкор карда, баъди аз руд берун кардани он ба шӯъбаи корҳои дохилӣ хабар медиҳанд. Кормандони милиса баъди азназаргузаронии ҷасад, онро ба сардхонаи беморхонаи марказӣ интиқол додаанд.
Ба шаҳодати шоҳидон, дар болои сари мақтул, аз ними чапи сар нишонаи зарбаи ҷисми борики нӯгтез ба мушоҳида мерасид. Ба андешаи сокинони русто, ин мард аз рустои наздик набуда, гузашта аз ин ба афғон шабоҳат доштааст.
Мӯҳр