«Навои ватан». Таҳти ҳамин унвон 2-юми сентябр дар толори «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт фестивали сурудҳои ватандӯстона баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ҷашнвора бо иштироки афсарону сарбозони мақомоти қудратии мамлакат ва ҳунармандони ҷавони театри «Опера ва балет»-и ба номи Садриддин Айнӣ сурат пазируфта, дар он таронаҳои хусусияти ватанпарастона иҷро гардид.
«Чорабинӣ бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, дастгирии ҷавонони эҷодкор ба ҳунари сарояндагӣ дар жанрҳои мусиқии миллӣ ва эстрадӣ дар доираи тадбиқи барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон, бахшида ба 21-умин солгарди Истиклолияти давлатӣ баргузор шуд»,-афзуд манбаъ.
Дар анҷоми чорабинӣ ҳамаи ширкаткундаҳо бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Мӯҳр