Тайи як ҳафтаи охир дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 19 садамаи нақлиётӣрух додааст.
Тавре Қудратулло Шоев, масъули Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, аз 27-уми август то 2-юми сентябри соли равон дар роҳҳои автомобилгарди кишвар 19 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 9 нафар ба ҳалокат расида, 20 нафари дигар захм бардоштаанд.
Номбурда иброз дошт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳафтаи сипаригардида аксари садамаҳои нақлиётӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд рух додааст: «Бештари ин садамаҳо тайи як ҳафтаи охир бо айби бархе аз ронандагоне, ки воситаи нақлиётро бо суръати баланд ронда, аз ӯҳдаи идораи он намебароянд ҳамчунин ронандагоне, ки нодуруст ба сабқат мебароянд ва бо айби онҳое, ки ба аломатҳои огоҳкунандае, ки дар ҷойҳои лозима насб карда шудаанд итоат намекунанд, сар задааст».
Мӯҳр