Масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд таи моҳҳои охир бо воридоти гази табиӣ аз Ӯзбекистон мушкиле рух надодаст ва ҷониби Ӯзбекистон ҳаҷми пешбинишудаи гази табииро саривақт ба кишвар интиқол дода истодааст.
Шартномаи харидуфурӯши газ миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон барои ҳар семоҳа аз нав баста мешавад ва нархи гази табиӣ ҳам вобаста ба нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ таҷдиди назар мегардад. Аввали соли ҷорӣ Ӯзбакистон интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон қатъ карда буд. Дар семоҳаи аввал бо дахолати президенти Тоҷикистон бо Ӯзбакистон дар мавриди воридоти 45 миллион метри мукааб газ мувофиқа шуда буд. Дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ ҳам Ӯзбакистон ба далели он, ки гӯё аз харидорони асосии газаш Чину Русия зиёдатӣ нест, интиқоли газро ба Тоҷикистон тайи ним моҳ қатъ намуда буд.
Зимнан, масъулини «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд, ки бо Ӯзбакистон оиди интиқоли 80 миллион метри мукааб гази табиӣ дар семоҳаи дуюм ба мувофиқа омадаанд. Дар семоҳаи сеюм ба гуфтаи масъулин аснои бастани шартнома бо Ӯзбакистон мушкиле пайдо нашудаст. Айни ҳол, ба қавли «Тоҷиктрансгаз» ҳар шабонарӯз ҳудуди 300 – 400 ҳазор метри мукааб бо нархи 300 доллар сари ҳазор метри мукааб вориди Тоҷикистон шуда истодааст.
Намояндагони роҳбарияти «Тоҷиктрансгаз» мегӯянд солҳои охир харидуфӯруши газ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз рӯи формулаи нархи байналмилалӣ сурат гирифта истодааст.
Мӯҳр