Фардо дар шимоли кишвар зиёда аз 46 ҳазор нафар барои аввалин бор ба остонаи мактаб қадам мегузоранд.
Тавре ба хабарнигори Озодагон дар Раёстаи маорифи вилоят иттилоъ доданд, соли гузашта бошад, ба синфи 1-ум 46 ҳазору 188 нафар рафта буданд. Ҳоло дар вилояти Суғд 902 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд, ки дар онҳо соли таҳсили гузашта 463 ҳазору 311 хонандагон таҳсили илм карда буданд, ки аз онҳо 28 ҳазору 481 нафар синфи 11-ро хатм намуданд: «Дар соли нави таҳсил боз ду мактаби хусусӣ дари худро барои толибилмон боз мекунанд- мактаби хусусии «Иршод» дар шаҳри Хучанд ва мактаби хусусии ««Нури Раҳмон».
Мӯҳр