Гузаргоҳи зеризаминии назди бозори мазкур, ки мӯҳлати ба истифода додани он моҳи марти соли оянда муқарар гардида буд, қабл аз вақти таъиншуда ба анҷом хоҳад расид.
Сайидшариф Анваров, сардори раёсати сохтмонии шаҳри Душанбе ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки тибқи шартномаи басташуда бо пудратчии ин лоиҳа, гузаргоҳи «Саховат» давоми 14 моҳ, яъне то моҳи марти соли 2013-ум бояд мавриди истифода қарор гирад: «Вале мо фикр карда баромадем, ки онро пеш аз мӯҳлат то декабри ҳамин сол сохта ба истифода диҳем».
Бино ба иттилои масъулини ҳукумати шаҳри Душанбе, тибқи лоиҳа маблағи умумии сохтмони ин иншоот 20 миллиону 175 ҳазор сомонӣ буда, масоҳати умумии гузаргоҳи зеризаминӣ 2266 метри мураббаъро ташкил медиҳад: «Дарозиаш 60, 07 метр, паҳноӣ 12,80 метр, баландиаш 3 метр аст».
Гуфта мешавад, иншоот дорои 10 адад зинапоя, 25 нуқтаи савдо, 2 нуқтаи хизматрасонии муҳандисӣ ва як нуқтаи нозири минтақавӣ мебошад.
Мӯҳр