Дар Тоҷикистон тайи як моҳи охир нархи гӯшти гов қиммат шуда, феълан аз рӯи маълумоти расмӣ ба ҳисоби миёна як килои он 33 сомонию 25 дирам фурӯхта мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ин дар ҳолест, ки охирҳои моҳи июни соли равон як кило гӯшти говро аз нуқтаҳои савдо бо арзиши 29 сомонӣ харидан мумкин буд: «Феълан аз ҳама нархи гарон дар бозори «Шоҳмансур» мушоҳида карда шуд, ки як кило гӯшти говро ин ҷо 34-35 сомонӣ ба фӯруш гузоштаанд».
Манбаъ ҳамчунин илова кард, ки ин нишондод дар дӯконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои «Саховат»,«Деҳқон»-у «Варзоб» ба 33 сомонӣ баробар аст.
Аммо бархе сокинони пойтахт бо нигаронӣ мегӯянд, дар баъзе дӯконҳои гуштфурӯшии шаҳри Душанбе як кило гӯшти лаҳм на 33 сомонӣ, балки 35 ва аз онҳам бештар арзиш дорад.
Мӯҳр