Ин мулоқот дар чорчӯби ҳамоиши сарони давлатҳои Ҳаракати адами тааҳҳуд дар пойтахти Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд.
Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар нишаст аз ҳамкорӣ ва ҳамбастагии амиқи давлатҳо ва мардумони Тоҷикистону Эрон изҳори боварӣ карда шуд. Зикр шуд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ миёни ду кишвар мувофиқ ба талаби рӯз ва имкону захираҳои мавҷуда рушд хоҳад кард: «Пайвастагии мунтазами робитаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни роҳбарии ду кишвар омили муҳими густариши муносиботи ҳасана номида шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон 150 ширкати эронӣ кору фаъолияти босамар доранд».
Ҳамзамон, ҷонибҳо афзуданд, ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти он, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ чун ҷанбаҳои муҳимтарини робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дорои дурнамои умедбахш аст.
Ҳамчунин, доир ба ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ ибрози назар сурат гирифт.
Мӯҳр