Дар ҳоли ҳозир, президенти ҷадиди Миср дар солуни иҷлоси сарони кишварҳо дар Теҳрон дар ҳоли ироди суханронӣ аст.
Маврид ба тазаккур аст, ки Миср тайи се соли гузашта, раёсати ҷунбиши адами тааҳҳудро ба дӯш дошт ва акнун баъди ироаи гузориши худ раёсати ин ҷунбиш барои се соли оянда ба ҷумҳурии Исломии Эрон вогузор хоҳад шуд.
Хабарнигори Озодагон аз Теҳрон иттилоъ дода афзуд: “Муҳаммад Мурсӣ дар ҷараёни суханронии худ бар таҳаққуқи адолат дар назми ҷаҳонӣ таъкид ва ҳимояти Мисрро аз ҳуқуқи миллати Фаластин эълом кард”. Мурсӣ бо ишора ба авзои Сурия гуфт: “Миср мухолифи дахолати бегонагон дар умури дохилии Сурия аст ва мо муътақидем, ки давлати мардуми дар ин кишвар ҳамчунон боқӣ бимонад”
Ҳамзамон, раиси ҷумҳури ҷадиди Миср хостори орисозии минтақаи Ховари Миёна аз силоҳӣ ҳастаӣ шуд ва ҳимояти кишварашро аз ҳуқуқи дастёбии ҳамаи кишварҳо аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон ба энержии сулҳомези ҳастаӣ эълом кард
Мӯҳр