Чанд лаҳза қабл дар пойтахти давлати исломии Эрон шонздаҳумин иҷлоси сарони кишварҳои узви ғайримутааҳидҳо дар солуни иҷлоси сарон бо суханронии Алии Хоманаӣ раҳбари инқилоби исломии Эрон шурӯъ шуд.
Тавре хабарнигори Озодагон аз Теҳрон иттилоъ дод, барои нахустин бор аст, ки иҷлоси сарони ҷунбиши ғайримутааҳидҳо дар Эрон баргузор мешавад: “Муҳимтарин руйдоди ин нишаст ҳузури Муҳаммад Мурсӣ раисиҷумҳури Миср дар ин иҷлос аст”.
Гуфта мешавад, ин аввалин сафари президенти Миср ба Эрон баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон аст. Бон Ки Мун, дабири кулли СММ ҳам аз иштирокчиёни нишаст буда, қаблан иттилоъ дода будем, ки райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ бо мақсади ширкат дар ин иҷлос ба Теҳрон парвоз карда буд.
Маврид ба ёдоварист, дар иҷлоси сарони адами тааҳҳуд дар Теҳрон 24 раисиҷумҳури узви ин ҷунбиш, 3 подшоҳ, 8 нахуствазир ва фиристодагони вижа, вазирони хориҷа ва ҳайатҳои олӣ аз дигар кишварҳои узви ин ҷунбиш ширкат доранд
Мӯҳр