Ду навраси шӯрободӣ, ки дар асорати афғонҳо ба сар мебурданд, озод шуданд.
Тавре қаблан иттилоъ дода мешуд, шаби аввали моҳи равон дар минтақаи деҳаи Сайроби хоҷагии Ангурбоғи ноҳияи Ҳамадонӣ хонандагони синфҳои 6 ва 8 мактаби №23 ноҳияи Шӯрообод, бародарон Фаридун ва Сангмад Сангмадовҳоро аснои обёрии замини шахсӣ дар соҳили рӯдхонаи Панҷ, чор нафар силоҳдори афғон ба гарав гирифта, ба он сӯи дарё бурданд.Зимнан, наврасони тоҷик ҳудуди 10-рӯз дар вулусволии Янгиқалъаи вилояти Тахор дар бешазор ва хонаҳои алоҳида нигаҳдорӣ мешудаанд.Қочоқчиён тавассути телефони ҳамроҳ аз падари онҳо 40 ҳазор доллар барои озодии фарзандонаш талаб карданд. Бо пайгирии мақомоти амниятии Тоҷикистон ва нерӯҳои қудратии давлати исломии Афғонистон аснои як амалиёти муштарак бародарон озод гардида, ба консулгарии ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Қундуз интиқол ёфтанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр