Ҷаҳонгардӣ ва ё худ бахши сайру саёҳат аз зумраи соҳаҳоест, ки дар Туркия даромади ҳангуфт меорад.
Туркия кишвари сернуфус буда, беш аз 70 миллион ҷамъият дорад.Тибқи маълумоти расмӣ даромади софи ин кишвар аз бахши туризм дар соли 2011 ҳудуди 25 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст.Тайи соли гузашта ба ин кишвар зиёда аз 30 миллион сайёҳи хориҷӣ омадааст. Гуфтанист, беш аз 3,5 миллион нафар аз ин туристонро шаҳрвандони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба монанди Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон ташкил додааст.
Бино ба гузориши хабарнигори Озодагон дар Истанбул вазири туризму фарҳанги Туркия Эртуғрулом Гюнаем аснои як мусоҳиба гуфта, ки кишвараш 25 сол қабл, яъне соли 1987 соҳаи туризмро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ қарор дода, то имрӯз ба муваффақиятҳои бузурге ноил гаштааст: “Ҳукумат ва давлат дар ин ҷода пружаҳои зиёдеро барои камфорти сайёҳон ба нақша гирифта буд онҳоро ба хубӣ амалӣ намуд. Ҳамасола барои тармиму таҷдид ва нигаҳдории осорҳои қадимӣ, мавзеъҳои диданӣ ва ғайра...маблағҳои бисёр калон ҷудо мегардад.
Дар мамлакати мо ҷойҳои диданӣ, аз ҷумла зиёратгоҳҳои динӣ, мазҳабӣ ба монанди калисоҳо, серковҳо ва масҷидҳо, ки тарихи хеле ва хеле қадимӣ доранд, зиёд аст.”
Вай бо изҳори қаноатмандӣ эълом дошт, ки имрӯз Туркия дар ҷаҳон ҷои 6-умро дар қатори 10-кишвари пешрафтаи дунё аз ҷиҳати ҷалби сайёҳон ба худ касб кардааст.
Окои Гднаем ҳамчунин афзуд: “Боварӣ дорам, бо барҳам додани раводид (виза) бо кишварҳои чун Русия, Осиёи Марказӣ, ҳамчунон Тоҷикистон ва ғайра... ҳамкориҳо дар соҳаи туризм ривоҷу равнақи тозае меёбанд, ки ин ба нафъи ҳамаи мо мебошад”.
Мӯҳр