Рӯзҳои 4 ва 5-уми сентябр байни ҷавонон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд чемпионати кушоди ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини камарбандии тарзи классикӣ гузаронида мешавад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, дар доираи барномаҳои варзишии моҳи сентябр, рӯзҳои 15-16-уми дар мактаби махсуси варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олипмпии №4-и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ миёни наврасони соли таваллуди 2001-1994 ва ҷавонони сини 19 ва 26 сола гузаронида мешавад: «Инчунин бо мақсади тарғиби варзиши сабук, тениси руи миз ва бадминтон миёни варзишгарони маъюб аз 22 то 23-уми сентябр дар Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва бадминтон аз 18- сола боло баргузор хоҳад шуд».
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи камонварӣ байни ҷавонон аз 20 то 24-уми сентябри соли равон дар шаҳри Хӯҷанди вилояти Суғд мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаи «Зебинисо Рустамова» гузаронида мешавад.
Мӯҳр