Сафар ба Маскав аз шаҳри Кӯлоб дар қиёс ба Душанбе ҳудуди 100 доллари амрикоӣ арзонтар меафтад.
Айни ҳол дар нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои ҳавоӣ нархи он барои хатсайри Душанбе- Маскав аз ҳадди 2 ҳазору 300 сомонӣ болотар аст. Барои хатсайри Кӯлоб -Маскав арзиши чипта аз 1 ҳазору 600 сомонӣ то 2 ҳазор мерасад.
Ин дар ҳолест, ки масофа аз Душанбе то Маскав нисбати Кӯлоб – Маскав тақрибан фарқ намекунад. Дар ҳамин ҳол, масъулини ширкатҳои ҳавоӣ сабаби фарқияти назаррасро ба арзиши хизматрасониҳои фурудгоҳӣ дар ин ду шаҳр меноманд.
Намояндагони ширкатҳои ҳавоӣ мегӯянд, хизматрасониҳои фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе яке аз гаронтаринҳо дар минтақа буда, таъкид мекунанд, ки ҳатто нисбати хизматрасониҳо дар фурудгоҳи «Домодедово» ба маротиб қимматтар аст.
Кормандони нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои ҳавоӣ сабаби асосии афзоиши нархи чиптаро дар ҳафтаҳои охир зиёд будани талабот мегӯянд. Яке аз фурӯшандагони чипта дар назди бозори Шоҳмансури пойтахт дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт: «Азбаски моҳи сентябр омада истодааст, харидорони чиптаҳои ҳавоӣ махсусан аз ҳисоби донишҷӯён зиёд шудаанд. Ин сабаби асосӣ аст, ки тарифҳо қариб ҳар рӯз боло рафта истодаанд».
Мӯҳр