Ларс Нюрберг, президенти холдинги «Телиасонера», саҳҳоми асосии ширкати Tcell фазои сармоягузории Тоҷикистонро дар муқоиса бо дигар мамалакатҳое, ки холдинг дар онҳо сармоягузорию фаъоляият мекунад, «миёна» баҳогузорӣ кард.
Холдинги «Телиасонера» дар кишварҳои Скандинавия, назди Балтика, Испания ва АвруОсиё аз ҷумла Русия ва Туркия ба хизматрасониҳои телекомуникатсионӣ машғул аст. Ин ширкат дар бозорҳои рӯй ба рушд, қисмати асосии саҳмияҳои операторони пешсафи мобилиро, аз ҷумла дар Қазоқистон (Kcell ), дар Озарбойҷон (Azercell), Гурҷистон (Geocell), Молдова (Moldcell), Тоҷикистон (Tcell), Ӯзбекистон (Ucell) ва дар Непал (Ncell)-ро соҳиб аст. Баробари инҳо холдинг аз саҳҳомони Мегафон дар Русия ва Turkcell дар Туркия маҳсуб меёбад.
Ларс Нюрберг, президенти «Телиасонера», ки дар Тоҷикистон қарор дорад, зимни сӯҳбат дар мавриди фазои сармоягузории кишвар афзуд: «Фаъолият дар бозори коммункатсияи баъзе кишварҳо осон аст ва дар қисмате мушкил. Тоҷикистон аз рӯи осонии фаъолият ва мусоидии фазои сармоягузорӣ миёни кишварҳои ҷаҳоне, ки мо дар он ҷо таҷриба дорем, дар як сатҳи миёна қарор дорад».
Мӯҳр