Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи ин иттилоъ, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21013» Иброҳим Мунавварови 42-сола ( сокини деҳаи Чорбоғи н.Панҷакент) аснои ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Шинг-Суфиён дар километри 250-ум, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсол Бурҳонова Адибаи 10-соларо пахш кардааст.
Манбаъ афзуд, дар пайи сониҳа хонандаи синфи 3-юми мактаби таҳсилоти умумии рақами 5 ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст
Мӯҳр