Сухангуи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи нишасти вазирони кишварҳои адами таъаҳуд гуфт, ки сатҳи иҷлоси Теҳрон бо сатҳи нишастҳои Созмони милал баробарӣ мекунад.
Ба гузориши хабаргузории Форс мустақар дар толори иҷлоси кишварҳои узви ҷунбиши адами таъаҳуд, Ромини Меҳмонпараст, сухангуи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамчунин сухангуи иҷлоси сарони ҷунбиши адами таъаҳуд, дар ҷамъи хабаргнигорон дар ҳошияи нишасти вазирони кишварҳои узви ҷунбиши адами таъаҳуд гуфт: “Сатҳи иҷлоси Теҳрон бо сатҳи нишастҳои Созмони милал баробарӣ мекунад.То кунун 50 вазири хориҷа ва 75 вазир ва муъовин ба иҷлоси Теҳрон омаданд.”
Бояд гуфт, рӯзҳои якшанбе ва душанбе нишасти коршиносони ҷунбиши адами таъаҳуд дар Теҳрон баргузор шуд ва рӯзи сешанби нишасти вазирнои хориҷаи кишварҳои адами таъаҳуд оғоз ба кор кард ва то чоршанбе (имрӯз) идома менамояд.
Шонздаҳумин нишасти сарони адами таъаҳуд низ рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа дар толори иҷлоси сарон баргузор мешавад.
Мӯҳр