Дар Суғд тибқи нақшаи раёсати ҳифзи муҳити зист якмоҳаи амалиёти «Ҳавои соф» идома дорад.
Тавре ба Озодагон аз ҳукумати ин вилоят иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории ин тадбир санҷиши мутобиқати газҳои ихроҷшаванда аз нақлиёт ба меъёрҳои муқараршуда ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо нисбати тозагии ҳавои атмосфера, аз ҳама муҳимаш баланд бардоштани маърифати экологии ронандагон ва сокинон дар ин самт мебошад.Кормандони шӯъбачаи милитсияи экологии раёсат то ин муддат дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Ғончӣ, Ҷаббор Расулов, Зафаробод ва Чкалов беш аз 300 нақлиётро мавриди санҷиш қарор дода, нисбати 30 нафар ронандагон барои ихроҷи зиёда аз меъёр маводҳои маъмурӣ тартиб доданд.
Мӯҳр