Бахшҳо

«Энергетик», «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ» ва «Гвардия» ба нимфинал роҳ ёфтанд

Бозиҳои ҷавобии ¼ ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд.

Бозии ниҳойии даври чорякфиналӣ дирӯз, 27-уми август миёни дастаҳои «Зарафшон» ва «Гвардия» дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент доир шуд. Дар ин дидор тими «Зарафшон» ҳарифашро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард, вале аз рӯи натиҷаи ҳарду бозӣ дастаи «Гвардия»-и Душанбе ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, се бозии дигари ¼ ниҳоӣ ду рӯз қабл (26-уми август) баргузор гардида буд. Дастаи «Энергетик»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Авиатор» бо тими «Хайр»-и Ваҳдат қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. «Энергетик» дар бозии аввал низ дар варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат «Хайр»-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода буд.
Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва ССКА «Помир»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии пойтахт вориди рақобат шуданд ва бозӣ мусовӣ- 0:0 анҷом ёфт. Дар бозии аввал дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд ва ин имкони ба даври ниманиҳоӣ баромаданашро ба вуҷуд овард.
Бозии ҷавобии чорякниҳоӣ миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Ҳосилот»-и Фархор баргузор нашуд. Бар асоси дастури мусобиқа дастаи меҳмон - «Ҳосилот», ки ба бозӣ ҳозир нашуд, бо ҳисоби техникӣ- 0:3 мағлуб дониста шуд. Дар бозии аввал «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд.  
Ҳамин тариқ бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 4-ум ва 12-уми сентябр баргузор хоҳанд шуд. «Энергетик» бо «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Гвардия » рақобат мекунанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)