Бар асоси як назарсанҷӣ дар Туркия, аксарияти туркҳо мухолифи дахолати низомии давлаташон дар Сурия ҳастанд.
Ин назарсанҷӣ, ки аз сӯи маркази пажӯҳишҳои иқтисодӣ ва сиёсати хориҷа дар Истамбул сурат гирифт ва хабаргузории Фаронса низ онро мунташир кард. Назарсанҷии мазкур нишон медиҳад, ки 57 дарсади ширкаткунандагон мухолифи дахолати низомии Туркия дар Сурия ва танҳо 11,7 фоиз бо он мувофиқ ҳастанд.
Ҳамзамон, 41,1 фоиз аз мухолифон дар ин назарсанҷӣ мӯътақиданд, ки Тукия ба ҳеч шевае набояд дар умури Cурия дахолат кунад ва 15,9 фоизи онҳо эълон карданд, ки аз наҳваи муносибати давлати Туркия бо бӯҳрони Сурия розӣ ҳастанд ва танҳо маҳкум кардани сиёсии низоми Сурияро тасдиқ мекунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳизби "Адолат ва тавсиъаи исломӣ”-и Туркия ба раёсати Раҷаб Тайиб Урдуғон, нахуствазири кунунии ин кишвар, аз ҳамон оғози бӯҳрон дар Сурия мавқеъе алайҳи Димишқ интихоб кард.Назарсанҷии мазкур аз 5 май то 5 июн сурат гирифт ва 1500 нафар дар он ширкат карданд
Мӯҳр