Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми суиқасд ба куштор Султонмуродхон Бойсариев, сокини 60 солаи кӯчаи Свердлови вилояти Суғдро дастгир карданд.
Тавре аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, 25-уми августи соли равон дар лаби дарёчаи кӯчаи М. Ҳасан, воқеъ дар наздикии мактаби таҳсилоти умумии №21-и шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ ҷасади шаҳрванд Асадулло Ибрагимови 38 сола, сокини кӯчаи Калинини ноҳия бо аломатҳои марги маҷбурӣ (ҷароҳат дар қисми пушти сар ва поёни пои рост) дарёфт шудааст.
Зимни амалиёти кормандони милиса Султонмуродхон Бойсариев ҳамчун гумонбар боздошт гардидааст. Феълан, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр