Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, дар паи роҳандозии боҷи содиротии Русия ва гаронишавии нархзи бензини ин кишвар, талаботи Тоҷикистон ба гази моеъ қариб 100 фоиз бештар шуда, аз 5- 6 ҳазор тонна дар як моҳ то 10 – 11 ҳазор тонна расидаст.
Тибқи иттилои расмӣ воридоти гази моеъ дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ нисбати соли гузашта 40 фоиз бештар шуда, 68,5 ҳазор тоннаро ташкил додаст, ки маблағи умумии он зиёда аз 48 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе баъди камбуди кӯтоҳмуддати гази моеъ, ҳафтаи ҷорӣ он бон архи 2,8 – 3 сомонӣ сари як литр ба фурӯш бароварда шуд. Ин нарх нисабати нишондоди як ҳафта пеш 25 фоиз қимматтар мебошад. Ҳафтае пеш як литр газ дар Душанбе 2,3 сомонӣ нарх дошт.
Намояндагони ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ далели гаронишавии маҳсулоташонро ба қимматии он дар кишварҳои истеҳсолкунанда рабт медиҳанд, ки таи ду се ҳафтаи охир нархи як тоннаи он ҳудуди 150 доллар қимматтар шудаст. Қимматии гази моеъ дар натиҷаи афзоиши нархи нафт дар ҷаҳон сурат гирифтаст.
Нархи нафт ба ҳисоби миёна рӯзҳои охир 115 доллар сари ҳар бушкаро ташкил медиҳад. Дар ҳоле, ки ҳамагӣ як моҳ пеш арзиши як бушка ба 95 доллар баробар буд.
Мӯҳр