Маблағе, ки ҳар моҳ ба сифати нафақа дар Тоҷикистон пардохт мешавад, 91 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 миллион ё 23 фоиз зиёдтар аст.
Масъулини Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шумораи умумии нафақагиронро дар кишвар ҳудуди 595 ҳазор нафар арзёбӣ мекунанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазор нафар зиёдтар шудааст. Андозаи миёнаи нафақаро дар кишвар масъулини вазорат 152 сомонию 66 дирам мегӯянд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24 сомонию 89 дирам зиёдтар шудаст. Ин дар ҳолест, ки қаблан намояндагони парлумони Тоҷикистон аз риояи адолат зимни таъини нафақа барои шахсони алоҳида интиқод намуданд.
Дар кишвар, ки маоши миёна ҳамагӣ 80 сомонӣ аст, ҳастанд нафақахӯроне, ки то 16 ҳазор сомонӣ дар як моҳ нафақа мегиранд. Масъулини парлумон бо ишора ба ин далелҳо ташхиси асоснокии чунин нафақаҳоро талаб намуданд.
Айни ҳол аз шумораи умумии нафақагирон дар кишвар ҳудуди 503 ҳазор нафарашон гирандаи нафақаи меҳнатӣ ва 92,5 ҳазор нафарашонро нафақагирони иҷтимоӣ ташкил медиҳанд.
Мӯҳр