Тибқи иттилои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нишондоди фавт дар Тоҷикистон таи нимсолаи аввал сари 1000 нафар аҳолӣ ба ҳисоби миёна 4,6 нафар рост меояд, ки нисбати нишондоди таваллуд 5 маротиба камтар аст.
Ба иттилои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ давоми моҳҳои январ июни соли ҷорӣ дар кишвар 17,9 ҳазор нафар фавтидаанд. Аз ин 1,4 ҳазор нафарашонро кӯдакони синни то 1 сола ташкил медиҳанд. Шумораи фавтидагон дар нимсола нисбати ҳамин давраи соли гузашта наздики 3 фоиз зиёд шудаст. Шумораи таваллудшудагон гарчанде нисбати соли гузашта коҳиш ёфтаст, дар маҷмӯъ нисбати фавтидагон наздики 5 маротиба бештар арзёбӣ мегардад. Ба иттилои манбаъ нишондоди таваллуд дар кишвар ба 1000 нафар аҳолӣ 23,6 нафарро ташкил додаст. Дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ дар кишвар 92 ҳазору 500 нафар кӯдак таваллуд шудаст.
Мӯҳр