Афюн ва нигаҳдории он як сокини 49-солаи ҷануби Тоҷикистонро барои муддати мадид ба паси панҷара мебарад.
Тавре ба оҷонсии иттилоотии «Озодагон» масъули маркази матбуотии ВКД Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод, Ҳизматуло Муродов, сокини кӯчаи Колхознаяи ноҳияи Ҷиликӯл аз ҷониби кормандони милисаи вилояти Хатлон боздошт гардид. Аснои кофтукоби шахсӣ аз борхалтаи ӯ 202 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира карда шуд. Алайҳи Муродов парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Мӯҳр