Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар ҷануби кишвар марди дучархасаворе ба ҳалокат расид. Ронанда аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, баъди дувоздаҳуним соат ба ҷинояти содирнамудааш иқрор кард.
Таре аз раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ронандаи воситаи нақлиёти тамға ва рақами қайди давлатиаш номаълум, аснои ҳаракат ба кӯчаи Кайҳонавардони шаҳри Қӯрғонтеппаи вилоятиХатлон аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада дучархарон- Нурулло Файзови 47 соларо пахш карда аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Нурулло Файзов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар макони ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Бино ба хабари манбаъ, оид ба боздошти воситаи нақлиёт гузаронидани корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ идома дошт, аммо Далер Юнусов, ронандаи сабукрави «Опел астра» ба шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳозир шуда, иқрор мешавад, ки ҷинояти мазкурро ӯ содир намудааст.
Сарчашмаи хабар афзуд, аз аввали соли равон то имрӯз дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 820 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 253 нафар ба ҳалокат расида, 887 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.
Мӯҳр