Маҳбусони мансуб ба ҳаракати «Толибон» аз зиндони «Пули Чархӣ» фирор накардаанд. Ин нуктаро Амир Муҳаммад Ҷамшедӣ, сарвари кулли маҳбасхонаҳои Афғонистон изҳор доштааст.
Гуфтанист, қаблан намояндаҳои «Толибон» эълон карданд, ки 15 зиндоние, ки ба ҳукми қатл ё ҳабси абад маҳкум шуда буданд, аз маҳбаси шаҳри Кобул фирор кардаанд. Онҳо гуфтанд, ки ин гурезаҳо аллакай бо аҳли хонаводаҳои худ дидор дидаанд.
Амир Муҳаммад Ҷамшедӣ ба расонаҳо гуфтааст, ки ба ифтихори Иди Саиди Фитр дарҳои утоқҳои нигоҳдорӣ боз карда шуд, то маҳбусон имкони табрики ҳамдигарро дошта бошанд. «Бархе аз зиндониён аз ҷумла аъзои «Толибон» ва «Ал Қоида» талош карданд, ки аз ин имкон истифода карда, фирор намоянд, аммо аз сӯи кормандони зиндон боздошт ва ба утоқҳо баргардонида шуданд»,-гуфтааст, Ҷамшедӣ.
Мӯҳр