Бахши Форсӣ ва Осиёи Миёнагии Би-би-сӣ ҷашнвораи филмҳои ВВС дар Тоҷикистонро баргузор мекунад.
Ин ҷашнвора ба хотири муаррифӣ аз 20 соли фаъолияти ин сервиси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳад шуд. Синамобазм аз 31-юми август то 2-юми сентябри соли равон дар Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон доир мешавад. Дар кори он Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ ширкат ҳохад кард.
Дар нахустин рӯзи ифтитоҳи ҷашнвораи филмҳои Би-би-сӣ дар шаҳри Душанбе (31-уми август, соати 15:30) филми мустанади “Фарзандони Ленин” манзур мешавад. Ин филм дар бораи зиндагӣ дар Тоҷикистон 20 сол пас аз фурӯпошии шӯравӣ қисса мекунад. Ҳамон рӯз, соати 18:30 филми мустанади дигар бо номи “Умари Хайём- нобиғаи пурсишгар” намоиш дода мешавад.
1-уми сентябр хоҳишмандон мустанади “Ҷони Дилафрӯз” дар бораи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди тоҷик, “Духтарони писарпӯши Афғонистон”
дар бораи масоили ҷинсиятӣ дар Афғонистон ва “Ислом дар Амрико: Озодӣ ва Ҳарос”, филме дар бораи зиндагии мусалмонони Амрико пас аз ҳамалоти 11 сентябри соли 2001-ро метавонанд тамошо кунанд.
2-юми сентябр, соати 15:30 мустанади “Фарзандони Ленин” дар бораи зиндагӣ дар Тоҷикистон 20 сол пас аз фурӯпошии шӯрави намоиш дода мешавад.
Соати 18:00-и дуюми сентябр ба муносибати анҷоми ҷашнвораи филмҳои Би-би-сӣ дар Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон консерти Далер Назаров, овозхони саршиноси кишвар дар назар аст.
Мӯҳр