Ин ҳодиса рӯзи гузашта дар шимоли кишвар рух додааст.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, тақрибан соати 17:08-и дирӯз дар кӯли назди боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд, аснои оббозӣ шаҳрвандон Мадина Ахмедҷоноваи 16-сола ва Авазҷон Ахмедҷонови 15-сола, истиқоматкунандагони ноҳияи Спитамен ғарқ мешаванд. Баъди ба ҷои ҳодиса ҳозир шудани наҷотдиҳандагони ситоди вилояти Суғд Мадина Ахмедҷонова наҷот ёфта,ҷасади Авазҷон Ахмедҷонов соати 17:35 дарёфт карда, ба сохторҳои марбута супорида шуд.
Мӯҳр