Президенти Тоҷикистон унвонии раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Дар номаи Раҳмон аз ҷумла омадаст: «Ҷалолатмаоб, табрикоти самимии маро ба муносибати Иди миллии кишвари дӯст 93-умин солгарди истиқлоли давлатии Афғонистон қабул фармоед.Муносибатҳои созандаву рушдёбандаи мо дар солҳои охир бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар чаҳорчубаи равобити бисёрҷониба низ пайгирона густариш меёбанд ва мазмуни амиқтар касб менамоянд.
Ҳамзамон дар нома омадааст, ки итминон дорам, дар марҳилаи кунунӣ, ки татбиқи амалии тасмимоти конфронси Токио ва лоиҳаҳои дар ҷараёни Конфронси РЕККА дар Душанбе пешниҳодшуда оғоз меёбад, ҳамкории наздиктару босамартари Тоҷикистону Афғонистони дӯсту ҳамҷавор сурат хоҳад гирифт. Мо зарурати тақвияти шарикиву ҳамёриро дар масъалаҳои амалӣ сохтани лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энержӣ, амнияту тиҷорати наздисарҳадӣ, маорифу тандурустӣ бори дигар таъкид менамоем ва омода ҳастем дар ин замина талоши пайваста намоем.
Президенти Тоҷикистон дар поёни табрикоташ мардуми кишвари ҳамсояро ба ин рӯзи мубораку фархунда табрик гуфта, ба Ҳомид Қарзай тансиҳатӣ ва комёбиву пирӯзиҳо орзу намудааст ва афзуда, ки : «Ба мардуми дӯсту бародари Афғонистон сулҳу амонӣ, хотири ҷамъ ва саодату шукуфоӣ таманно дорам».
Мӯҳр