Сафар Сафаров, муовини аввали райиси ҲХДТ аснои боздид аз шаҳри Пятигорски Русия бо тоҷикони муқими ин минтақа ва аъзои диаспораи ҳамватанон мулоқот кард.
Муҳаммади Эгамзод, сарвари медиа-холдинги «Tajinfo» зимни ташреҳи ин хабар гуфт, директори Хонаи фарҳанги миллатҳои шаҳри Пятигорск Эмма Дзитиева, ки дар он ҷо мулоқоти мазкур сурат гирифт, аз меҳмони олиқадр пазироӣ намуда, дар мавриди ҳаёту фаъолияти миллатҳои мухталифи минтақа, ки тоҷикон низ дар он ҳузури чашмгир доранд, ҳикоят намуд. С.Сафаров аснои суханрониаш дар ҳузури ҳамватанон гуфт: «Ҳар яки шумоён - ҳамватанони азиз, дар қаламрави кишвари бузурги Русия кору иқомат намуда, дар баробари муҳоҷири оддии меҳнатӣ будан, рисолати дигареро бар дӯш доред, ки дарки он хеле ва хеле муҳим аст: шумо ҳамчун оинаи қаднамо меҳану миллати худро дар ин сарзамин муаррифӣ мекунед. Аз ин рӯ, дар ҳама ҳолат бояд фарзанди сазовори Тоҷикистон бошед, обрӯю эътибори кишварамонро баланд бардоред. Коре кунед, ки шуморо ҳамчун тоҷик касе наҳ назанад, эҳтироми худро ҳамеша бо кирдору рафтори накӯ, меҳнати ҳалол ва муносибати хуб нигаҳ доред! Аз ҳама муҳим, қонуну тартиботи муайяннамудаи кишвари иқоматро риоя намоед».
Ҳамзамон, дар ин нишаст бо пешниҳоди фаъолони диаспора кумитаи тадорукоти таъсиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Пятигорск таъсис дода шуд. Интизор меравад, ки то поёни соли равон дар шаҳр чунин як ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон расман номнавис гардад.
Мӯҳр