Бахшҳо

Маҳфили ёдбуд ба хотири Ҷумъаи Толиб. Дар Испағни Айнӣ

Рӯзи 21-уми август дар зодгоҳи марҳум  маъракаи солгарди даргузашти ӯ(маросими сол) баргузор мешавад.

Пайвандону ақрабои Ҷумъаи Толиб зимнан аз дӯстону шогирдон ва ҷумла ҳамкорону ҳамтоёни ӯ даъват кардаанд, ки ба ин маърака ташриф биёранд ва бо ҳузури хеш арвоҳи раҳматиро шод намоянд.
Муассиси ҳафтаномаи «Пайкон», ҳуқуқшинос ва журналисти варзида -Ҷумъабой Толибов (Ҷумъаи Толиб) рӯзи 19-уми ноябр дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ аз дунё гузашт. Марҳум тайи як соли ахир аз бемории саратон дар ноҳияи сараш ранҷ мебурд ва бар асари ҳамин беморӣ дар синни 51-солагӣ ин дунёро падруд гуфт.
Ӯ 25-уми январи соли 1960 дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1979 мебошад.
Солҳои 1984 то 1994 дар нашрияи «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шӯъба кор кардааст. Сипас, як сол сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ буд. Солҳои 1995-1998 раиси хоҷагии деҳқонии «Авсанъан» ва аз соли 1998 то 2004 мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд.
Дар соли 2005 пас аз нашри чанд мақолаи интиқодиаш алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 26-уми июли ҳамон сол Ҷумъаи Толибро ба ду соли маҳбас ҳукм карданд. Бо талоши вакилони дифоъ ва мушовирони ҳуқуқӣ, инчунин ҳамраъйии журналистон ва эътирози созмонҳои дохилӣ ва ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот дар 16-уми декабри соли 2005 Ҷумъа аз зиндон озод шуд. Солҳои охир Ҷумъаи Толиб раҳбари Дафтари мушовара, пажӯҳиши лингвистӣ ва таҳқиқоти журналистӣ ва ҳам сардабири ҳафтаномаи “Пайкон” буд.  
Гуфтанист, баҳсҳои зиёди додгоҳӣ ва мушкилоти нашрия ва инчунин баста шудани созмони ӯ, ки муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” буд, сабаб гардид, ки журналисти саршинос на танҳо аз кори дӯстдошта, балки аз саломатияш низ маҳрум гардад
Мӯҳр
Худо хонаи охирати мархумро обод созад.Лекин муаллифи ин навиштахо магар хато кардааст.Соли таваллуди рахмати 1960-будаасту ДМТ ро соли 1979 ба охир расонидааст.Яъне дар 19-солагиаш?Чи лозим буд ин кадар тахсилу азобхои рухи кашидан."Нимтаи нон рохати чон" гуфтаанд.Хамин касби рузноманигориаш басанда буд.Нафарони бисёре хастанд,ки факультаи филологияи собик УДТ ро хатм кардаанд.Онхо дар сохахои КГБ,райкомхову милиса ва дигар сохахо кор мекарданд.Парторги колхози мо филолог буд.Ягон макола наменавишту сару хуш ба адабиёт хам надошт.Кариб 20-сол парторги колхоз буд.Баъд ба тичорат даст зад.Холо у замбурпарвару асалфуруши номист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)