Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи маблағҳои ҷумҳуриявӣ ба буҷети давлат чунин миқдор маблағ ворид гардидааст.
Ин нишондод 62% нақшаи солонаи буҷети Тоҷикистонро барои соли 2012 ташкил медиҳад. Тавре аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, маблағи аз ҳисоби иҷора ва хусусигардонӣ ба буҷети вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо воридшуда ба 5,25 миллион сомонӣ расидааст : «Хадамоти назорати истифодаи амволи давлатӣ ҳолати нигоҳдорӣ ва истифодабарӣ, риояи тартиби ба иҷора додан, фурӯш ва аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии 210 субъекти хоҷагидорро мавриди санҷиш қарор дод».
Масъулини кумитаи мазкур иброз медоранд, ки дар самти нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ 11 лоиҳаи қарор ва 8 лоиҳаи фармоиши ҳукумати кишвар таҳия ва пешниҳод шудааст.
Мӯҳр