Маълум гашт, ки А.А аз соли 1998 ба аъзогии ҳизби ғайриқонунии экстремистии «Ҳизб-ут-таҳрир» шомил гашта, то моҳи декабри соли 2010 дар ҳудуди вилояти Сугд вазифаи «Амир»-ии ҳизби табушударо ба ӯҳда дошта, ба ташвиқоту тарғиботи он машғул будааст.
Вай инчунин, 2 июни соли равон дар ҳудуди маҳаллаи 31-и шаҳри Хуҷанд варақахои характери экстремистӣ доштаи ҳизби мазкурро паҳн намудааст.
Феълан, нисбати А.А. парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 187 қисми 1 (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ), 189 қисми 1 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 307 қисми 2 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зуроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон) КҶ оғоз гардида , тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, тибқи маълумоти прокуратураи вилояти Суғд, дар 3 моҳи аввали соли равон аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати 29 нафар аъзоёни ҳизби гайриконунии экстремистии «Ҳизб-ут-тахрир» парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.Фаъолияти ин ташкилот аз соли 2008 дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ гардидааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |