Шаҳри Кӯлоб, ки зодгоҳи барандаи медали биринҷии бозиҳои олимпии Лондон 2012 Мавзуна Чориева мебошад, аз соати ғалабаи Мавзуна дар Лондон барои истиқболи ӯ омодагӣ мегирифт.
Сӯҳробшоҳи Фаррухшо, сухангӯи мири Кӯлоб зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, барои ин сенарияи вижаи истиқболи қаҳрамондухтар таҳия гашта, мутобиқи он роҳбарияти шаҳр дар якҷоягӣ бо кулли ҷамоатчигии шаҳр Мавзунаро дар даромадгоҳи шаҳр бо гулу гулдаста ва дафу най истиқбол мегиранд ва корвон тавассути кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба маҳалли зисти Мавзуна- кӯчаи Якуми Майи шаҳр раҳсипор мешавад.
Ҳамчунин, ба шарафи пирӯзии Мавзуна дар назди муҷтамаи меъмории 2700-солагии шаҳри Кӯлоб як барнома бузурги ҳунарӣ бо ширкати сарояндаҳои маъруф- Сурайё Қосимова, Гулчеҳра Содиқова, Меҳрнигори Рустам баргузор хоҳад шуд.
Бино ба гуфти манбаъ, дар ин рӯз ба Мавзуна аз тарафи ҳукумати шаҳри Кӯлоб калиди хонаи панҷ ҳуҷрадор супорида мешавад. Бояд гуфт ибтикори мақомоти маҳаллӣ дар қадршиносии Мавзуна Чориева охири кор нест. Чанде аз соҳибкорони кӯлобӣ низ аз омодагии худ дар эхдои тӯҳфаҳои хотиравӣ ба Мавзуна хабар доданд.
Мӯҳр