Бино ба иттилои Ҷӯрабек Қурбонов, сардори Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб, нафақаи бознишастагон дар 7 моҳи имсол ба пуррагӣ пардохт гардида, дар ин ҳолат қарздорӣ мавҷуд нест.
Тибқи омори расмӣ дар навоҳии минтақаи Кӯлоб 74761 нафақагир ба сар мебарад, ки маблағи умумии ҳаққи бознишастагии онҳо 11 миллиону 616 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 266 нафар нафақагири хизмати махсусдошта дар назди ҳукумати Тоҷикистон будаанд, ки дар маҷмӯъ 99441 сомони нафақа мегиранд.
Ба гуфтаи Ҷӯрабек Қурбонов, сардори Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб, талаботи маблағи нафақапулии бознишастагон тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ба пуррагӣ пардохт гардида, қарздорӣ аз нафақапулӣ нест. «Кормандони раёсат кушиш ба харҷ доданд, то Иди бузурги Фитр нафақапулиро ба пуррагӣ таъмин намоянд. Дар ҳоли ҳозир, дар ҳамаи навоҳии минтақа маблағгузорӣ ба анҷом расида, нафақагирон озод ҳаққи нафақаашонро мегиранд»,- афзуд Қурбонов.
Мӯҳр