Тайи шаш моҳи охир дар шаҳри Роғун 14 ақди никоҳ бекор шудааст.
Мадина Даҳмардаева, мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС)-и шаҳри Роғун ба хабарнигори Озодагон гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон 175 оила барпо гардида ва бо гузашти мӯҳлати андаке 14 тои он бекор карда шуд. «Ақди никоҳ дар ду ҳолат бекор мешавад: дар асоси ҳалномаи суд ва бо аризаи муштарак. Аз 14 ақди никоҳ, ки дар шаш моҳ бекор шуд, 11 тои он дар асоси ҳалномаи суд ва 3 тои дигар бо аризаи муштарак барҳам хӯрд».
Ба қавли номбурда шумораи никоҳ, нисбат ҳамин давраи соли гузашта як адад кам ва теъдоди талоқ бошад, як адад зиёд гардидаст:
-Дар 12 моҳи соли 2011 447 оила бунёд шуд. Аз ин 28 ақди никоҳ, 18 то бо ҳалномаи суд ва 10 тои дигар бо аризаи муштараки тарафайн бекор гардид.
Мӯҳр