Дар Ҷумҳурии Беларус аз сӯи сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар таблиғварақаи “Тоҷикистон: 15 соли ваҳдат ва ягонагӣ” ба нашр расид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.Ҳамчунин сафорати Тоҷикистон дар Белорус маҷмӯаи маърӯзаҳои ширкаткунандагони Конфронси бйналхалқии илмӣ назариявиро, ки таҳти ҳамин унвон доир гардида буд, ба дасти нашр додааст. Ин маҷмӯа маърӯзаҳои чеҳраҳои шинохтаи илм, сафирон, ашхоси барҷастаи ҷамъиятӣ намояндагони мақомоти идоракунӣ ва бахши суратҳоро дар худ ҷой додааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳои дипломатии миёни Тоҷикистон ва Белорус 5 сентябри соли 1995 роҳандозӣ гардида, ҳамчунин ин ду кишвар дар созмонҳои бузурге мисли ИДМ, ЕврОсиё, СПАД, СММ узвияти якҷоя доранд.
Мӯҳр