Эрон ба муқаррароти байналмилалӣ беэътиноӣ мекунад.Дар ин бора сафири Амрико дар Оҷонсии байналмилалии назорат аз болои маводи ҳастаӣ (МАГАТЭ) иброз доштааст.
Ҳамзамон, чанд кишвари абарқудрати ҷаҳонӣ бо шумули Британияи Кабир, ИМА, Русия ва Олмону Фаронсаву Чин гуфтаанд, «давлати исломии Эронро мебояд дар робита ба барномаи ҳастаиаш вориди муколамаи ҷиддии байналмилалӣ гардад».Дар баёнияи ин созмон ҳамчунин омадааст, кулли масоили боқимонда боястӣ бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад.Ин санад дар нишасти имрӯзаи шӯрои мудирони Оҷонси байналмилалии атомӣ қабул шуд ва як рӯз баъди он ки Эрон гуфт, тавлиди ураниуми ғализи 20 дарсадиро то охири соли равон се маротиба афзоиш хоҳад дод. Мақомоти Эрон бошад, ғанисозии уранро кори дохилии кишвар унвон карда, борҳо гуфтаанд, ки ин тасмим на барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ аст, балки барои роҳандозии нерӯгоҳҳои атомӣ пиёда мешавад.{jathumbnail off}
Мӯҳр