Бахшҳо

Оташсӯзӣ дар «Ҳоҷиён». Хисорот беш аз 600.000 сомонӣ

Сӯхтор дар ин маркази савдои хусусӣ, воқеъ дар кӯчаи Борбад 4-и шаҳри Ваҳдат ҳудуди 619. 200 сомонӣ зарар овард.

Тавре ба хабаргузории Озодагон дар ВКД-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, шаби 13- августи соли равон 03:48 дақиқа дар Маркази савдои хусусии «Ҳоҷиён», воқеъ дар кӯчаи Борбад 4-и шаҳри Ваҳдат сӯхтор ба амал омад.  
Ба қавли манбаъ, пас аз қабули бонги хатар фавран ба ҷойи ҳодиса 5  мошини оташнишонӣ аз шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе сафарбар карда шуданд. Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон, сӯхтор аллакай дар масоҳати 360 метри мураббаъ, 3 адад мағоза ва 1 ошхонаро фаро гирифта, хатари ба дигар нуқтаҳои савдову иншоотҳо паҳншавии алангаи оташро ба миён оварда буд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ–наҷотдиҳӣ ба оташнишонон муяссар гашт, ки ба зудӣ сӯхторро иҳота намуда, онро дар соати 05:55 дақиқаи субҳ ба пуррагӣ хомӯш намоянд. Дар рафти гузаронидани амалиёт аз тарафи оташнишонон ба маблағи 400 000 сомонӣ нуқтаҳои савдо ва молу мулки соҳибкорон аз нобудшавӣ эмин дошта шуд. Дар ҷойи ҳодиса роҳбарият ВКД, СХДО ВКД, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва дигар Хадамоту мақомотҳои дахлдор ҳузур доштанд.
Феълан нисбати ҳодисаи ба амал омода тафтишот бурда мешавад. Сабаб ва гунаҳгор муайян карда хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки Маркази савдои хусусии «Ҳоҷиён» ба соҳибмулк Сайдалӣ Ёрови 58-сола тааллуқ дошта, онро ба соҳибкорони алоҳида ба иҷора додааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)