Аз аҳолии мавриди пурсиш қароргирифтаи Тоҷикистон 88%-ашон дар моҳи Рамазон рӯза гирифта, 66%-и онҳо изҳор карданд, ки закот медиҳанд.
Дар ин бора Маркази таҳқиқотии Pew иттилоъ додааст. Назарсанҷии ин ташкилот нишон додааст, ки 50%-и пурсидашудагон тасдиқ намудаанд, ки ислом дар ҳаёти онҳо нақши муҳим дошта, 42%-и онҳо ҳамрӯза намоз мехонанд ва 30%-и пурсидашудагон ҳар ҳафта ба намози ҷумъа мераванд. Бояд гуфт, ҳаҷми пардохти закот аз даромади 3 ҳазору 480 доллари ИМА 87 долларро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, миёни пурсидашудагон дар кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон маълум шудааст, ки 50%-и аҳолӣ рӯзадор буда, 73% закот пардохт мекардаанд ва 18% ҳамарӯза намоз хонда, 9%-и аҳолӣ ҳар ҳафта ба намози ҷумъа мерафтаанд.
Дар Қазоқистон 4%-и аҳолӣ ҳамарӯза панҷ вақт намоз хонда, 10% ҳар ҳафта намози ҷумъаро адо мекардаанд ва 36%-и аҳолӣ закот пардохт намуда, ҳамагӣ 36% рӯзадор будаанд.
Мӯҳр