Дар ин бора Хайрулло Сафаров, директори ширкати саҳомии Роғун ба хабаргузориҳо иброз доштааст.
Бино ба қавли ӯ, ин корҳо бар асоси нақшае, ки бо Бонки Ҷаҳонӣ мувофиқа шудааст, анҷом мешаванд.Сафаров дар бораи мутаваққиф шудани корҳо дар нерӯгоҳ ва бекор мондани теъдоди зиёди коргарон иброз доштааст, ки , ки воқеан дар баъзе бахшҳо корҳои бозсозӣ поён ёфта ва коргарон барои иҷрои умури дигар дар ин нерӯгоҳ мунтақил шудаанд: «То ҳол ҳеч коргаре аз нерӯгоҳи Роғун ихтисор нашудааст ва ҳамаи онҳо бо кор таъмин шудаанд».
Бояд гуфт, чанде қабл Струан Стивенсон, вакили парлумони Аврупо, пас аз дидор аз нерӯгоҳи "Роғун" дар моҳи гузашта ба хабарнигорон гуфта буд, ки бо тақозои Бонки Ҷаҳонӣ умури сохтмонӣ дар "Роғун" маҳдуд шуда ва беш аз 5 ҳазор нафар коргари ин сохтмон бекор мондаанд.То ҳол мақомоти давлати Тоҷикистон дар бораи вазъи воқеъии корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун ибрози назаре накардаанд.
Мӯҳр