Тайи як соли охир нархи як литр қаймоқ (сметана) дар бозорҳои кишвар ҳудуди 20 дар сад қиммат шудаст.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи як литр қаймоқ дар бозрҳои пойтахт 20 сомонию 25 дирамро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта арзиши як литр қаймоқ 17 сомониву 8 дирамро ташкил медод.
Манбаъ таъкид кард, ки қаймоқи аз ҳама арзон дар бозорҳои «Саховат»-у «Деҳқон» (19 сомонӣ) фурӯхта мешавад. Дар бозори «Шоҳмансур» бошад, барои як литри он 21 сомонӣ мегиранд. «Нархи аз ҳама гарони қаймоқ дар бозори «Варзоб» мушоҳида шуд. Он ҷо як литри қаймоқ 22 сомонӣ арзиш дорад»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр