Бахшҳо

Вазъ дар ҷануби Қирғизистон ноором аст

Мақомоти  амниятии Қирғизистон вазъро дар  ҷануби кишвар ташвишовар хонда, нерӯҳои иловагиро ба ин минтақа интиқол додаанд.

Дар ин бора муовини вазири умури дохилаи ин кишвар Бакит Алимбеков  хабар додааст. Ӯ гуфтааст, як ситоди муштараки нерӯҳои интизомиву ҳарбӣ таъсис шудааст. Феълан вазъ дар ин минтақа ором аст ва аммо ташвишҳои мардуми маҳаллӣ бараъло мушоҳида мешавад, зеро аз сӯи қувваҳои алоҳида кӯшишҳои ноором кардани вазъ ба назар мерасанд.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ дар як қатор навоҳии вилоёти узбакнишини Ӯш ва Ҷалолобод варақаҳои тарғиботӣ ва навиштаҷоти иғвобарангез ошкор шудаанд. Аммо Алимбеков нагуфтааст, ки мӯҳтавои ин варақаву навиштаҳо ба кадом гурӯҳҳои миллӣ равона шудаанд.

Ёдовар мешавем, маҳз як сол пеш дар моҳи июни соли 2010 дар вилоёти Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон бархӯрд миёни намояндагони миллати узбак ва қирғиз сурат гирифта, беш аз 400 нафарро кушта ва беш аз ҳазор нафарро бо ҷароҳатҳо ба ҷой гузошта буд. Ҳамчунин, беш аз ним миллион узбакҳои ин минтақа аз маҳалли зисти худ иҷборан фирор карда буданд.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки ташаннуҷи авзоъ аз камфаъолиятии ҳукумати Қирғизистон дар  ҳалли масоили иҷтимоӣ ва бар асари мавҷуд будани миқдори зиёди силоҳ дар дасти мардум мебошад, ки дар замони ин бархӯрд тақсим гардида буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)