Симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон баргузор мегардад.
Анҷумани фарҳангии мазкур миёнаи моҳи май шурӯъ гардида, дар таърихи даҳаи дуюми моҳ ба поён мерасад. Тибқи иттилои вазорати фарҳанг, чорабинии мазкур дар робита ба 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ва 100- солагии Фазлиддин Шаҳобов доир гардида, дар он устодони санъат аз Тоҷикистон, ҷамоҳири исломии Эрону Афғонистон, кишварҳои Арманистон ва давлати мардумии Хитой ширкат меварзанд. Симпозиум давра ба давра дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, ноҳияи Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода баргузор мегардад. Расми ифтитоҳи анҷуман рӯзи 10-уми май дар толори театри опера ва балети ба номи Айнии пойтахт дар назар аст.
Мӯҳр