Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, ҷиҳати роҳ надодан ба ҷаҳиши якбораи нархи ангишт, ки метавонад дар пайи афзоиши якбораи талабот сурат гирад, ба ҳукумат пешниҳод намудаанд, ки маблағро барои харидории ин намуди сӯзишворӣ дар семоҳаи чорум нею аз семоҳаи дуюм ҷудо намоянд.
«Ин хоҳиш аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта шуд. Бо супориши ҳукумат Вазорати молия аллакай аз моҳи июн маблағҳоро барои харидории ангишт ҷудо намуд. Дар мавриди истеҳсол дар нимсолаи аввал 26 ҳазор тонна зиёдтар шуда, қариб ба 100 ҳазор тонна расондем»,-мегӯяд вазир.
Гузашта аз ин ба гуфтаи Гул шералӣ содироти ангишт, ки соли гузашта 22-25 ҳазор тоннаро ташкил дод, имсол бо қарори ҳукумат манъ аст. Дар ҳоле, ки манъи содирот аз як тараф ба зарари корхонаҳо мебошад: «Содирот барои корхонаҳои истеҳсоли ангишт фоида дорад. Маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷа барои хариди техникаю дигар таҷҳизот дар корхонаҳои ангишт амалӣ намешавад. Ба ғайр аз корхонаи ангишти Исфара, ки барои хариди таҷҳизот аз тарафи ҳукумат дастгирӣ меёбад, дигар корхонаҳо аз маблағгузориҳои ҳукуматӣ бархурдор нестанд».
Гул Шералӣ таъкид кард, ки бо вуҷуд чӣ қадаре лозим аст, ангиштро дар Тоҷикистон истихроҷ хоҳанд кард: «Бурда расондани ангиштро ба корхонаҳои буҷетӣ ҳукумат ба «Тоҷикматлубот», Вазорати маорифу тандурустӣ ва дигар сохторҳо супориш додааст».
Мӯҳр