Хонаи як сокини шаҳри Чкалов мавриди дуздӣ қарор гирифтааст.
Бино ба иттилои вазорати корҳои дохила, Зулфия Ҷумъаназароваи 61-сола дар ин бора шикоят кардааст. Ҷабрдида гуфтааст, чанд рӯз пеш дар вақти дар манзил набудани ӯ, касе вориди хона гашта, ду адад телефони мобилӣ ва ҷиҳози заруриро ба яғмо бурдааст. Ҳаҷми зарар дар маҷмӯъ 2850 сомониро ташкил додааст. Зимни баргузории амалиёти махсус кормандони ҳифзи ҳуқуқ Владимир Зайтсев, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Победаро боздошт карданд. Маълум гашт, ки Зайтсев бо калиди худсохт ба манзили Ҷумъаназарова даромада, ҷинояти мазкурро содир кардааст. Гуфта мешавад, боздоштшуда қаблан ҳам доғи судӣ дошта, бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноӣ маҳбасӣ гашта буд.
Мӯҳр