Тайи як ҳафтаи ахир дар Филлипин бар асари обхезӣ 60 нафар ба ҳалокат расидааст.
Ба омори расонаҳои хабарӣ шурӯъ аз моҳи июл 113 сокини ин кишвар қурбони офати табиӣ шудаанд. Гуфта мешавад, феълан вазъ дар шаҳри Манил, пойтахти Филлипин ба эътидол омадааст. Қаблан, иттилоъ расида буд, ки 80 дар сади ҳудуди шаҳрро дар ҳалқаи об қарор дорад. Аммо дар як қатор навоҳии кишвар қитъаҳои замини шолӣ ҳамоно зери об ҳастанд. Ба қавли сокинони маҳалӣ, чунин обхезӣ дар таърихи Филлипин бесобиқа будааст.
Мӯҳр