Ҳукумати Ўзбакистон аз якуми август тартиби нави интиқоли бор тавассути ҳудудашро ҷорӣ кардаст, ки тибқи он ширкатҳои боркашонии хориҷӣ агар вазни боркашашон беш аз 50 тоннаро ташкил диҳад, барои ҳар километр як доллари амрикоиро пардохт ҳоҳанд намуд.
Тибқи иттилои ВАО –и расмии Ўзбакистон ҳаракати мошинҳои вазнини ширкатҳои хориҷӣ дар роҳҳои Ўзбакистон бе иҷозати агентии нақлиёти «Узавтойул» манъ карда шудаст. Таҳияи ҳуҷҷат ва ҷамъоварии маблағ ба дӯши ниҳоди гумрукӣ вогузор шудаст. Ин навоварӣ нисбат ба ширкатҳои кишварҳое, ки бо Ўзбакистон шартномаи дахлдори дутарафа доранд, татбиқ намешавад. Низом Ҳакимов, вазири нақиёти Тоҷикистон мегўяд, ин навоварӣ гарчанде бевосита ба мо дахл ҳам надорад, ба воситаи таъсир ба шарикони ҳамкорамон ба Тоҷикистон ҳам зарар дорад. Тавассути Ўзбакистон мол ба Тоҷикистон асосан аз Эрон, Туркия ва Қазоқистон ворид мегардад.
Ҳакимов қарори нави Ўзбекистонро давоми баҳонакобиҳо ва монеасозиҳои сунъӣ хонд:
«Агар солҳои пешина то 10 – 20 фоизи борро тавассути нақлиёти автомобилии Тоҷикистон мебурданд. Имруз 50 – 51 фоизи борро, ширкатҳои ватаниамон тавасути автомобил мекашонанд. Онҳо ҳам мебинанд, инро ва ин қарор яке аз монеаҳои сунъӣ аст».
Мӯҳр